• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • сахифа
    • зерменю
      • зерзерменю
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    МУЛОҚОТ: СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОЙИГАРИИ ДАВЛАТ
 МУЛОҚОТ: СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОЙИГАРИИ ДАВЛАТ
МУЛОҚОТ: СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОЙИГАРИИ ДАВЛАТ

Дар хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ бо иштироки Назокат Иброҳимова, мудири шуъбаи иттилоотии Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд, Гулчеҳра Бобоҷонова, директори Маркази тарзи ҳаёти солими шаҳри Хуҷанд, Насимҷон Абдуғаниев, духтур-кардиологи Маркази саломатии №6 шаҳри Хуҷанд, Муяссар Қаюмова, директори Маркази репродуктивии Маркази саломатии №6 шаҳри Хуҷанд, Мавҷуда Машокирова, директори Маркази вилоятии кори ҳамширагони тиб, Мамлакат Баҳодурова, ҳамшираи оилавии минтақавӣ, ва Мутриба Дадобоева ҳамшираи тиббии донишкада бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда мулоқот доир гардид.
Мулоқотро мудири шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонони донишкада Муҳаррам Темурова ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ ва ҳадафи мулоқотро шарҳ дод. Таъкид шуд, ки саломатӣ — солимии табиӣ, маънавӣ ва иҷтимоии инсон мебошад. Саломатӣ ба инсон имконият медиҳад, ки муддати дароз ва фаъолона дар шароитҳои гуногунӣ муҳит кор ва фаъолият намуда, ба шароитҳои номусоиди он тоб оварда муқовимат кунад то ин, ки суботкории хешро нигоҳ дорад. Дараҷаи саломатиро фаъолияти эътимодноки силсилаҳои алоҳида, алоқа бо муҳити атроф, қобилияти корӣ, имконияти васеи мутобиқшавӣ, захираҳои ҷавоб доданро ба таъсиротҳои гуногун муайян мекунад. Ҳангоми аз ҳадд берун амал кардани қувваҳои муҳовизаткунанда ва нигоҳдоранда ҳолате ба вуқуъ мепайвандад, ки онро ҳолати муқобили беморӣ меноманд, ки вай боиси инкишофи беморӣ мегардад.
Назокат Иброҳимова, мудири шуъбаи иттилоотии Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд дар баромади худ иброз дошт, ки аз соли 1950 инҷониб дар саросари ҷаҳон 7 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ дониста мешавад. Ҳамасола бахшида ба ин рӯз дар аксар давлатҳои ҷаҳон таҳти шиорҳои гуногун ҳамоиш ва чорабиниҳои гуногуни тиббӣ доир мегарданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз медоранд, ки «Солимии ҷомеа боигарии давлат аст».
Мавсуф қайд намуд, ки олимони физиолог ва духтурон таъкид мекунанд, ки инсон метавонад шуруъ аз лаҳзаҳои нахустини таваллуд 100 сол бе беморӣ зиндагӣ намояд. Ба шарте, ки агар инсон аз давраи ба дунё омаданаш тарзи ҳаёти солимро интихоб намояд. Тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксар давлатҳои ҷаҳон сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо гардидааст, ки мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин ҳисоб истисно нест. Яъне барои саломат умр ба сар бурдан аввал бо варзиш машғул шудан, пас аз он ғизои хуб хӯрдан ва баъдан хоби бофароғат рафтан зарур аст. Шоҳсутуни асосии саломатӣ ин се чиз аст, ки илми муосир низ онро эътироф кардааст.
Насимҷон Абдуғаниев, духтур-кардиологи Маркази саломатии №6 шаҳри Хуҷанд дар баромади худ иброз дошт, ки инсон бояд дар як сол як маротиба аз муоинаи тиббӣ гузарад. Зеро ҳама узвҳо ва система бо якдигар мутобиқ карда шудаанд. Агар як узв фаъолияти худро аз даст диҳад ё ягон ориза пайдо намояд, ин ба дигар узвҳои инсон бе таъсир намемонад. Инчунин организм ба истироҳати мунтазам ниёз дорад ва беморӣ метавонад боиси хастагии шадид, руҳафтодагӣ ва бад шудани шакл дар узви инсон гардад.
Мавҷуда Машокирова, директори Маркази вилоятии кори ҳамширагони тиб нисбати гигиенаи шахсӣ сухан намуда, чунин илова намуд, ки обутоб додани бадан дар пешгирии бемориҳо нақши муҳим мебозад. Сайругашт дар ҳавои тоза, хоби бароҳат, пӯшидани либосҳои мавсимӣ, ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш ва истироҳати бомеъёр эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳоро кам менамоянд.
Мулоқот бо саволу ҷавоб ҳусни анҷом пазируфт.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 5

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 11.04.2026
МУЛОҚОТ: СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОЙИГАРИИ ДАВЛАТ
МУЛОҚОТ: СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОЙИГАРИИ ДАВЛАТ
  • 11.04.2026
АМАЛИЯ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ФАЪОЛИЯТИ ТАРАБХОНАИ БРЕНДИИ KFC
АМАЛИЯ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ФАЪОЛИЯТИ ТАРАБХОНАИ БРЕНДИИ KFC

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены